Вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд

0
150

Вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ  «Ховар»/.  12 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва ҳайати расмӣ мулоқот намуд.

Мулоқоти ҳайати расмии ду давлат дар якҷоягӣ баргузор шуда, сипас бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз намуд, ки «Рӯзҳои фарҳанг  ҳар сол як бор доир карда мешаванд. Вале ташрифи бародарони ӯзбек ба Тоҷикистон ва ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон ҳар рӯз сурат гирифта истодааст, ки ин шаҳодат аз дӯстӣ ва сулҳу ваҳдат байни ду давлат мебошад».

Вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд Мавсуф иброз намуд, ки «муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи мардумони мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд».

Дар тақвияти суханони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев иброз намуд, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ яке аз омилҳои асосии густариши ҳамкории  ду давлат мебошад. Мо бори аввал нест, ки ба Тоҷикистон ташриф меорем. Ин давлатҳо бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамондии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Боварӣ дорам, ки Рӯзҳои фарҳангӣ дар сатҳи шоиста баргузор мегарданд».

Зимни ҳамоиш рӯзноманигорон ба саволҳои хеш доир ба баргузорӣ ва аҳамияти Рӯзҳои фарҳангӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд

Баъд аз баргузории ҳамоиш ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон боздид ба амал меорад.

Тавре қаблан хабар дода будем, шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарии муштараки ҳунармандони тоҷику ӯзбек доир мегардад. Пеш аз оғози барнома мусаввараҳои рассомони Ӯзбекистон  дар мавзӯи «Ӯзбекистони муосир»  ба намоиш гузошта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ соати 18:00 оғоз мегардад.

Вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд

Источник: khovar.tj