Вазири тандурустии Франсия даъват кард, ки аз бӯса ва дастфишурӣ худдорӣ карда шавад

0
143

Вазири тандурустии Франсия даъват кард, ки аз бӯса ва дастфишурӣ худдорӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустии Франсия Оливйе Веран аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки аз бӯса ва дастфишурӣ худдорӣ намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории “CNN”.

Вазир зидди анъанаи франсавии бӯса кардан бо сабаби таҳдиди коронавирус баромад намуд.

“Тавсия дода мешавад, ки муоширати иҷтимоии ҷисмонӣ кам карда шавад. Он ҳамчунин бӯсаро дар бар мегирад»,- гуфт Вернан ба хабарнигорон.

Вай ҳамзамон гуфт, ки одамон бояд  аз дастфишурӣ худдорӣ намоянд. 1 март, вақте ки дар Арманистон аввалин ҳолати сирояти  коронавируси намуди нав пайдо  шуд, вазири тандурустии ин мамлакат Арсен Торосян нишасти фаврии матбуотӣ баргузор карда, инчунин маслиҳат дод, ки бо даст салом карданро бас кунанд.

“Ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки агар имкон бошад, бо шахсони бемор робита накунед, ниқоб пӯшед, дасти худро зуд-зуд шуед, моеи спиртдорро истифода баред ва  ҳавои ҳуҷраро тоза кунед. Боз як таклифи дигар дорам: биёед зимни вохӯрдан бӯса накунем, ба зудӣ ҳаво гарм мешавад ва мо бо ҳамдигар гармтар салом хоҳем кард. Ҳангоми мулоқот низ аз дастфишурӣ худдорӣ кунед ”-гуфт Арсен Торосян.

Источник: khovar.tj