Вазири саноат барои мубориза бо каронавирус ҳам пул доду, ҳам лавозимоти тиббӣ харид

0
110

Вазири саноат барои мубориза бо каронавирус ҳам пул доду, ҳам лавозимоти тиббӣ харид

Масъулини вазорати саноати Тоҷикистон хабар доданд, ки роҳбарияти вазорат якмоҳа маошашонро барои мубориза бо коронавирус дар кишвар таҳвил доданд

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорат бароии пешгири аз паҳнгардидани коронавирус (COVID-19), ки айни замон дар ҷумҳурӣ ошкор гардидааст маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсис додаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳвил хоҳанд дод.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки Вазорат бо мақсади  дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 5 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ, 250 дона камбензони яккаратаи тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ ҳамчун кумак пешниҳод намудааст.

 Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Вазорат вобаста ба имкониятҳо минбаъд ин иқдомро идома хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар маоши якмоҳаи худро низ барои мубриза бо коронавирус ба суратҳисоби махсуси таъсисёфта таҳвтл дод.

Инчунин иқдом низ аз тарафи Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳмзода Рамазон сурат гирифта буд.

Источник: sputnik-tj.com