Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Қатар мулоқот намуд

0
108

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Қатар мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Холид ибни Халифа Оли Сонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати ҳамроҳро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва зерсохторӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи сармоягузориҳои он кишвар дар Тоҷикистон изҳор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Қатар мулоқот намудИнчунин 1 март  дар Давҳа мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо роҳбарони бунёдҳои молиявию сармоягузорӣ ва ширкатҳои қатарӣ баргузор шуданд.

Дар вохӯриҳо бо Мудири иҷроии Бунёди қатарӣ оид ба рушд Халифа ибни Ҷосим ал-Каворӣ, Мудири Бунёди сармоягузории Қатар Мансур Иброҳим Оли Маҳмуд ва Мудири иҷроии ширкати «Небрас» Холид Муҳаммад Ҷулу масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар арсаи сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, атрофи татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок барои иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Аксҳо аз сомонаи ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj