Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия мулоқот намуд

0
137

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал  дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории парлумонӣ байни ду давлат, аз ҷумла таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ба таҳкиму густариши муносибатҳо миёни мамлакатҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина иброз шуд, ки дар фурсати наздик Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия таъсис дода хоҳад шуд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

 

Источник: khovar.tj