Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

0
170

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Федератсияи Россия ба довталабони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии соҳаи санъат бурсияҳо ҷудо мегарданд. Ин нукта 17 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Федератсияи Россия Игор Лякин-Фролов ва директори намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Михаил Вождаев баён гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон баргузории Фестивали кӯдаконаи «Гулҳои Россия» дар Тоҷикистон  ва ҷузъиёти ташкилии таҷлили «Иди ғалаба» мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия, тавсеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат ва илм суҳбат намуданд.

 

Источник: khovar.tj