Вазири фарҳанг Иброҳимзодаро мудири Мактаб – интернати санъат таъйин кард

0
53

Вазири фарҳанг Иброҳимзодаро мудири Мактаб - интернати санъат таъйин кард

Қиёмиддин Иброҳимзода бо фармони Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, мудири Мактаб – интернати санъати ба номи М. Атоев таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Қиёмиддин Иброҳимзода, ки дар вазифаи сармутахассиси раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорати мазкур фаъолият мекард, бо фармони Зулфия Давлатзода ба мақоми дигар такя зад.

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Иброҳимзода ба ҳайси мудири  Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев баргузида шуд.

Манбаъ меафзояд, номбурдаро имрӯз муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ба аҳли кормандони муассисаи таълимӣ муаррифӣ намуд.

Зимнан, мудири навтаъини ба вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки вазифаи нави худ тамоми қувваю иродаашро сарф менамояд.

Источник: sputnik-tj.com