Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён: «Фаъолияти 3 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд»

0
315

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ашӯриён: «Фаъолияти 3 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд»

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ соли 2019 ба мақомоти адлия 531 ариза оид ба бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Бо қарори суд дар асоси аризаи даъвогии Вазорат фаъолияти 3 (соли 2018 — 11) ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд. Ин матлабро имрӯз, 7 феврал дар ҷамъи хабарнигорон  Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ашуриён баён дошт.

Вазир зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 51 филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуданд.

«Вазорат 95 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намуд. Ҳамчунин дар ин давра 167 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 11 филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд»,- гуфт Музаффар Ашуриён.

Зикр гардид, ки дар ин муддат фаъолияти оинномавии 147  иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуда, ба 371 ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ислоҳи камбудиҳо огоҳии хаттӣ дода  шуд.

Соли 2019 шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолиятдошта 2 500 ададро ташкил медод.

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1692 (соли 2018-1818) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани суроғаи мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.

Источник: khovar.tj