Варзоб. То соли 2021 дар ин ноҳия 18 адад корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз менамоянд

0
146

Варзоб. То соли 2021  дар ин ноҳия 18 адад корхонаҳои саноатӣ  ба фаъолият оғоз менамоянд

ВАРЗОБ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб то соли 2021 18 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ фаъолияти худро оғоз менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст 86 адад иншооти ҷашнӣ, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бахшида ба  ҷашни  таърихӣ  ва саноатикунонии босуръати мамлакат дар ду соли охир 8 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ   ва коргоҳҳои дӯхти либосҳои мактабӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар онҳо то имрӯз зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Зикр гардид, ки барои бо шуғл ҳарчи бештар фаро гирифтани занони ноҳия ва нақши онҳо дар бозори меҳнат бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб 149 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 184 нафар бонувон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Источник: khovar.tj