Варзишгари 20 солаи тоҷик аз Русия бо медали тилло баргашт

0
157

Варзишгари 20 солаи тоҷик аз Русия бо медали тилло баргашт

Варзишгари 20 – солаи тоҷик Қаландаршо Шокир дар вазни 62 кг баромад намуда, парчами Тоҷикистонро парафшон намуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар шаҳри Твери кишвари Россия 25-умин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз намуди самбои муҳорибавӣ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ варизшгарони тоҷик ҳам иштироки фаъол намуда, соҳиби медал шуданд.

Варзишгари 20-солаи тоҷик Қаландаршов Шокир Султоншоевич дар ин мусобиқаи бошукӯҳ сазовори медали тилло гардид. Номбурда дар вазни 62 кг баромад намуда парчами Тоҷикистонро парафшон намуд.

Қаблан Қаландаршоев Шокир Султоншоевич дар мусобиқаҳои дохилии Тоҷикстон ҳам сазовори медалҳо ва ҷойҳои намоён гаштааст. Мураббии нахустини ӯ Шафиев Бахтиёр буд, ки зери роҳбарии ӯ Шокир дар зодгоҳи худ, ноҳияи Ишкошими ВМКБ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардид.

Дар шаҳри Душанбе варзишгари ҷавон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таълим гирифта, зери роҳбарии мураббии худ Абдураҳмон Абдуллоев дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда ҷойҳои намоёнро ба даст овардаст.

Варзишгари 20 – солаи тоҷик айни замон номзад ба устоди варзиш аз намуди самбо ва муҳорибаҳои юнону румӣ ба ҳисоб меравад.

Источник: sputnik-tj.com