ВАО БА ТАШАККУЛИ АФКОРИ ҶОМЕА ТАЪСИРИ МУҚТАДИР ВА МУАССИР МЕРАСОНАНД. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

0
185

ВАО БА ТАШАККУЛИ АФКОРИ ҶОМЕА ТАЪСИРИ МУҚТАДИР ВА МУАССИР МЕРАСОНАНД. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Ин нуктаро имрӯз директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ зимни маҷлиси тантанавӣ  бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  зикр намуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ сурат гирифт, С. Сиддиқ аҳли нишастро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, табрик намуда, дар бораи таърихи пайдоши ин ид ва  марҳилаҳои рушди матбуоти тоҷик сухан гуфт.

Мавсуф, аз ҷумла, тазаккур дод, ки ба ин рӯз рост омадани ин ид рамзӣ мебошад, зеро маҳз 108 сол муқаддам, яъне 11 марти соли 1912 аввалин шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ба нашр расида буд. Дар ин рӯз, 11 марти соли 1887 сармуҳаррири нахустин маҷаллаи тоҷикӣ «Шуълаи инқилоб», нависанда донишманд, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф  Саидризо Ализода ба дунё омадааст.

«Рӯзномаи «Бухорои шариф» дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии худ бо чопи 153 шумора тавонист дар бедорӣ ва ба вуҷуд овардани афкори мардум, такон додани мафкураи онҳо ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик хизмати бузург намояд, — иброз дошт С. Сиддиқ ва илова намуд, ки рӯзнома ба унвони як нашрияи илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бозгӯкунандаи андешаҳову дидгоҳҳои равшанфикрони тоҷик буд».

Ӯ ҳамчунин аз рушди матбуоти тоҷик ёдовар шуда, таъкид  намуд, ки дар 100-солагии таҷлили таъсиси нахустин рӯзномаи «Бухорои шариф»  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)  мулоқот анҷом дода, нақши ВАО-ро ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда буданд.

«Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби  болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад», — гуфт С. Сиддиқ дар идома.

Дар фарҷоми мулоқот ба чор нафар кормандони АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа Акбар, Холисаи Асомиддин, Рустам Ҷамилов ва Афшини Муқим (ДАР АКСИ ПОЁН) бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуданд.

ВАО БА ТАШАККУЛИ АФКОРИ ҶОМЕА ТАЪСИРИ МУҚТАДИР ВА МУАССИР МЕРАСОНАНД. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардидВАО БА ТАШАККУЛИ АФКОРИ ҶОМЕА ТАЪСИРИ МУҚТАДИР ВА МУАССИР МЕРАСОНАНД. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Источник: khovar.tj