Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар онлайн-ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд

0
110

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар онлайн-ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи сеюми Алянси авруосиёии омбудсменҳо бахшида ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки тариқи онлайналаса баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар онлайн-ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Алянси авруосиёии омбудсменҳо, аз ҷумла, омбудсменҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ ширкат доштанд. Мавзӯи онлайн-ҷаласа, ки аз ду қисмат иборат буд, ба ҷашни 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин таҷрибаҳои беҳтарини омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабри соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Алянси авруосиёии омбудсменҳо гардид.

Источник: khovar.tj