ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН: бояд дар мубориза бо пандемияи COVID-19 ҳам кӯмаки моддӣ ва ҳам маънавӣ расонем!

0
197

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН: бояд дар мубориза бо пандемияи COVID-19  ҳам кӯмаки моддӣ ва ҳам маънавӣ расонем!

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона бо ҳисси баланди масъулият ва ҷонибдорӣ аз иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат аз ҳисоби музди меҳнати худ ба суратҳисоби махсус, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода  шудааст, 23 000 сомонӣ интиқол доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ  «Ховар» аз хадамоти матбуотии ВҲИ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба зикри манбаъ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари паҳншавии сирояти COVID-19-ро дарк намуда, аз рӯзҳои аввали фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ бо он алоқаи доимӣ барқарор намудааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 бояд кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонида шавад.

Ёдрас мешавем, ки 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуданд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии як моҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Источник: khovar.tj