Вакил Толибхон Азимзода мақоми нав гирифт

0
168

Вакил Толибхон Азимзода мақоми нав гирифт

Вакили мардумӣ Толибхон Азимзода намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Суди конститутсионии кишвар интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бораи интихоби Азимзода ба мақоми намояндаи парлумон дар Суди конститутсионӣ имрӯз зимни ҷаласа қабул гардид, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, Азимзода дар мақомоти прокуратура ва вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таҷрибаи зиёда аз 30-сола дорад.

“Толибхон Азимзода коргузории мамлакатро хуб медонад. Аз ин хотир, боварӣ дорем дар иҷрои вазифаи масъул ва мустаҳкам намудани қонунгузории конститутсионӣ саҳми назаррас мегузорад”,- иброз дошт раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода.

Тибқи ҳолномаи Толибхон Азимзода, ӯ санаи 25 ноябри соли 1959 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Ӯ ба ҳайси прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, собиқ Қӯрғонтеппа, ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба назорату иҷро, муовини прокурори ноҳияи Ёвон, прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон – сардори Раёсати тафтишотии ҳамин прокуратура, прокурори ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ.Румӣ),  прокурори ноҳияи Панҷ, муовини аввали прокурори вилояти Хатлон, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Дорои рутбаи мушовири адлияи дараҷаи якум мебошад.

Источник: sputnik-tj.com