“Ту марав”: нашри суруди нави Мадина Ақназарова

0
158

"Ту марав": нашри суруди нави Мадина Ақназарова

Сарояндаи машҳури ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова суруди нави худро таҳти унвони “Ту марав” сабт ва пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Мадина Ақназаров суруди тозаи худро таҳти унвони “Ту марав” дар шабакаи Youtube нашр кард.

Мадина дар бораи нашри суруди ҷадидаш дар саҳифааш дар Instagram хабар дода, миннатдории худро ба Муслим Қосимӣ изҳор доштааст.

“Миннатдории худро ба устод Муслим Қосимӣ мерасонам, барои ин оҳанги дилнишин ” Ту марав” . Сурудро метавонед аз YouTube канали ман дастрас намоед”, – навиштааст Мадина.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Миннатдории худро ба устод Муслим Косими мерасонам, барои ин оханги дилнишин ” Ту марав” . Сурудро метавонед аз YouTube канали ман дастрас намоед!

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_) 6 Мар 2020 в 4:33 PST

Суруди “Ту марав” рӯзи 6 март дар саҳифаи сароянда дар  Youtube нашр шуда, тоо имрӯз онро беш аз 10 ҳазор нафар гӯш карда ва беш аз 700 кас писандидааст.

Ёдрас мешавем, ки барои мухлисонаш дар шаҳри Маскав консерт баргузор кард.

Ӯ мухлисонашро бо сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешин шод кард. Мадина сурудҳои “Ай ёр ёр”, “Ёри ман”, “Шаб”, “Ба армон рафтам”, “Бирақсем”, “Ҷону дилам”, “Кори ту пайваста озор аст, гӯӣ нестаст”, “Оре”ва ғайра-ро пешкаши мухлисонаш намуд.

Источник: sputnik-tj.com