Трамп хуруҷи фаврии қисме аз неруҳоро аз Афғонистон эълон кард

0
108

Трамп  хуруҷи фаврии қисме аз неруҳоро аз Афғонистон эълон кард

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Америка марҳилаи аввали хуруҷи неруҳоро аз Афғонистон фавран оғоз мекунад, изҳор дошт президенти ИМА Доналд Трамп. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад.

«Ман чунин меҳисобам, ки имрӯз оғоз менамоем. Мо фавран ба ин кор шурӯъ хоҳем кард», — гуфт ӯ дар ҷавоб ба саволи дахлдори рӯзноманигор дар Кохи Сафед.

Хуруҷи зудтари як қисми неруҳо аз Афғонистон яке аз нуктаҳои созишномаест, ки дар Давҳа байни ИМА ва ҳаракати «Толибон»-и Афғонистон (дар Тоҷикистон мамнӯъ – тавзеҳи АМИТ «Ховар») ба имзо расидааст.

Источник: khovar.tj