Трактори хурди Воҳид Ғуломҳайдаров дар Озмуни ихтироъкорони наврасу ҷавон дар Бадахшон соҳиби ҷои аввал гардид

0
189

Трактори хурди Воҳид Ғуломҳайдаров  дар Озмуни ихтироъкорони наврасу ҷавон дар Бадахшон соҳиби ҷои аввал гардид

ХОРУҒ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2020- 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  бахши вилоятии  Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар майдони марказии шаҳри Хоруғ  Озмуни ихтироъкорон ва навоварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро  баргузор намуд. Дар ҷамъбасти озмун ихтирои Воҳид Ғуломҳайдаров-трактори хурд  ҷои аввалро гирифта, бо ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид.  Ихтироъкорони наврас Ҳиммат Шогуниев ва Низом Мулкамонов   ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карда, соҳиби   700 ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ гардиданд.

Сардори бахши вилоятии корхонаи «Тоҷикагролизинг» Зокир Қурбонҷонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «тайи чанд сол аст, ки  бо аъзои маҳфили ихтироъкорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва факултаи илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳамкорӣ ба роҳ монда, баъзе аз лоиҳаҳои хурди хонандагону донишҷӯёнро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунем. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи маориф ва дигар сохторҳои марбута дастур доданд, ки  ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Бо мақсади ташаккули тафаккури техникии насли наврас бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2020- 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Азбаски КВД «Тоҷикагролизинг» бештар бо механизму  техникаи кишоварзӣ сару кор дошта, ба мутахассисони кордону соҳибтаҷрибаи техникӣ ва навовар ниёз дорад, дар байни наврасону ҷавонон чунин омзунҳоро баргузор мекунад».

Дар озмуни мазкур зиёда аз 30 нафар ихтироъкорони наврас ва ҷавон ширкат намуданд, ки яке аз онҳо  хонандаи синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Хоруғ Ҳиммат Шогуниев мебошад. Вай ба озмуни мазкур насоси обкаши каммасраф пешниҳод кард.

Мавсуф зимни муаррифии ихтирои навбатии худ изҳор дошт, ки насоси обкашро бо мақсади обёрии заминҳое, ки дар баландӣ ҷойгиранд, сохтааст. Вазни насоси обкаш ҳамагӣ 7 килограмм буда, онро ба осонӣ ба кӯҳдоман бурдан мумкин аст.

Хонандаи синфи даҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и шаҳри Хоруғ Низом Мулкамонов ба ин озмун нақшаи генералии як деҳаи кӯҳистониро пешниҳод кард. Мутобиқи ин тарҳ, дар паси ҳар маҳалла боғи себ, тут ва зардолу ҷойгир буда, дар канори ин боғҳо корхонаҳои хурди коркарди меваро ҷо додааст. Ба гуфтаи Низом, баъзе аз сокинони маҳалла ба парвариши меваҷот машғул буда, иддаи дигар дар корхонаҳои саноатӣ аз ин меваҷот маҳсулот истеҳсол мекунанд. Зеро Тоҷикистони мо ояндаи наздик аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил хоҳад ёфт ва корхонаҳои хурд як заминаи хуби гузаштан ба корхонаҳои калони саноатӣ- аграрӣ ба шумор мераванд. Агар чунин маҳаллаҳо бештар бунёд гарданд, ҳам зиндагии мардуми деҳот ба шаҳр наздик мешавад ва ҳам бекорӣ бамаротиб коҳиш меёбад.

Сокини Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон Воҳид Ғуломҳайдаров  трактори хурд сохтааст, ки муҳаррикаш аз мошини тамғаи «Жигули» буда, метавонад ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳот ворид шуда, онро шудгор намояд. Дар фасли зимистон бо васл намудани бел он метавонад роҳҳои деҳотро аз барф тоза кунад.

Ихтироъкорони ҷавон дар ҷамъбасти озмун бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Трактори хурди Воҳид Ғуломҳайдаров  дар Озмуни ихтироъкорони наврасу ҷавон дар Бадахшон соҳиби ҷои аввал гардид

Источник: khovar.tj