Толибилмони мактаби №86-и Душанбе бо фаъолияти «Амонатбонк» шинос шуданд

0
133

Толибилмони мактаби №86-и  Душанбе  бо фаъолияти «Амонатбонк» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Ҳафтаи   байналмилалии молиявӣ «Global Money Week-2020» хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-и шаҳри Душанбе ба  идораи марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ташриф оварда, бо фаъолияти нахустин бонк дар Тоҷикистон, ки таърихи 135-сола дорад, шинос гардиданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Дилафрӯзи  Раҳмат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар оғоз толибилмон бо  хизматрасониҳои бонкии Департаменти партохти нафақа ва кортҳои бонкӣ шинос гардида, сипас аз Осорхонаи «Амонатбонк», ки таърихи фаъолияти онро инъикос  менамояд, дидан намуданд. Ҳамзамон ба хонандагон  мутахассисони идораи методология ва бозомӯзии кормандони «Амонатбонк» оид ба маърифати молиявӣ ва   фаъолити кунунии «Амонатбонк» маълумот доданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ — «Global Money Week-2020» ҳамасола дар моҳи апрел гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани саводнокии  молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон  ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад.

Источник: khovar.tj