Токио-2020. Шаббос Негматуллоев соҳиби роҳхати дуюми олимпӣ гардид

0
50

Токио-2020. Шаббос Негматуллоев соҳиби роҳхати дуюми олимпӣ гардид

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи Баҳодур Усмонов варзишгари дигари тоҷик Шаббос Негматуллоев низ роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шаббос, ки 10 март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Осиё/Уқёнус дар вазни -81кг бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд, имрӯз дар қувваозмоии дуюми бокс-офф бар намояндаи Ҳиндустон Сачин Кумар ғалаба кард.

Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайланд Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Бекзод Нурдавлатов шикаст хӯрд.

Дар вазни -81кг аз қораи Осиё/Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Негматуллоев Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон), Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ (Урдун), Чен Дасианг (Чин) ва Пауло Аукусо (Австралия) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Япония баргузор мешавад, пайдо намуданд.

Акс аз КМО Тоҷикистон

Источник: khovar.tj