То соли 2024 беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии Душанбе бо хизматрасонии таъминоти об ва корезии муосир таъмин мегарданд

0
203

То соли 2024 беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии Душанбе бо хизматрасонии таъминоти об ва корезии муосир таъмин мегарданд

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2024 зиёда аз 120 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Душанбе бо хизматрасонии таъминоти об ва корезии муосир таъмин мегарданд. Дар ин хусус 28 феврали соли 2020 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдор ба тасвиб расонид. Барои амалисозии лоиҳа мавзеи қисмати шимолу ғарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (маҳаллаи Зарафшон) интихоб шудааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, вакилони мардумӣ Созишнома оид ба маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»-ро бо ҳамовозии кулл тасдиқ намуданд.

Зикр шуд, ки санадҳои ҳамкории байналмилалии мазкур 14 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаанд.

То соли 2024 беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии Душанбе бо хизматрасонии таъминоти об ва корезии муосир таъмин мегардандМуовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ зимни шарҳи ин масъала ба вакилони мардумӣ иттилоъ дод, ки маблағи умумии лоиҳаҳо 32 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

«Аз ҷумла, 30 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад»,- афзуд мавсуф.

Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси чоруми Сарвари давлати тоҷикон — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо лоиҳаи обтаъминкунӣ татбиқ гардида, ҳазорон нафар сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 баён доштанд: «Давоми 26 сол дар мамлакат  барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки берунӣ амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад».

Баланд бардоштани сифати хизмат­расонии обтаъминкунию корезӣ дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва беҳтар намудани фаъолияти коммуналии корхонаҳо ҳадафи асосии лоиҳаҳо мебошанд.

Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, дар доираи татбиқи лоиҳа бо назардошти Нақшаи генералии шаҳри Душанбе иваз намудани қубурҳои обрасонӣ бо дарозии 62,530 км, қубурҳои корезӣ бо дарозии — 27,250 км, харид ва насби таҷҳизот барои сарфаи энергияи барқ дар насосҳои барориши сеюм — 21 адад, обҳисобкунакҳо – 40 ҳазор адад, сохтмони ду обанбори ғунҷоишаш 12000 метри мукааб ва дастгирии институтсионалии КВД «Обу корези Душанбе» ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 120 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Душанбе аз хизматрасонии таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии минтақа беҳтар карда мешавад.

Инчунин сифати оби ошомиданӣ баланд ва нишондиҳандаҳои хизматрасонии КВД «Обу корези Душанбе» ба сокинони пойтахт афзуда, талафоти оби нӯшокӣ ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ кам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки давоми даҳ соли охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии  КВД «Обу корези Душанбе» ва таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи ошомиданӣ якчанд лоиҳаҳои махсусро татбиқ намудааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj