Тоҷикобод: маъракаи тарғиботию омодагии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён доранд

0
106

Тоҷикобод: маъракаи тарғиботию омодагии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён доранд

 ТОҶИКОБОД, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду қаҳрамони  Иттиҳоди Шӯравӣ- Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов, инчунин як нафар қаҳрамони Россия-Муҳриддин Ашӯров зодагони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд, ки  бо хизматҳои содиқонаашон ба халқу Ватан ва ҳимояи  он  имрӯз мояи ифтихору  сарфарозии  халқи тоҷик гардидаанд. Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бояд ба ин ҳамдиёрони банангу номуси худ пайравӣ  намуда, қарзи фарзандии худро бо сари баланд адо намуда, ихтиёрӣ  ба хизмати ҳарбӣ раванд.

Ин даъват дар маъракаи тарғиботию омодагӣ ва сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамзамон мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо ҷавонони синни даъватии 1993-2002, ки дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод доир  гардид, садо дод.

Зимни мулоқот бо даъватшавандагоне, ки ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда буданд, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода сухан гуфта, ҷавононро ба софдилонаю содиқона ҳимоя намудани марзу буми мамлакат даъват намуд. Дар навбати худ омодагии роҳбарияти ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифтани онҳо таъкид карда шуд.

Зимни ҷамъомад раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Абдусамад Идрисов аз корнамоиҳои диловарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ёдовар шуд. Номбурда зикр кард, ки «шумо, ҷавонон, ки ояндаи ин миллату давлат ҳастед,  доимо зираку ҳушёр бошед, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, ҳамчун гавҳари чашм ҳифз намоед».

Пас аз мулоқот ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, омодагии худро барои  дар рӯзи аввали даъват шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ ҷумҳурӣ изҳор намуданд.

Тоҷикобод: маъракаи тарғиботию омодагии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён доранд Тоҷикобод: маъракаи тарғиботию омодагии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён доранд

Источник: khovar.tj