Тоҷикобод: Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон мулоқот намуд

0
159

Тоҷикобод: Маҳмадтоир   Зокирзода бо интихобкунандагон мулоқот намуд

ТОҶИКОБОД, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо ва вохӯриҳои  пеш аз интихоботӣ дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқотҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12, Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон баргузор гардиданд.

Вохӯрии пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Тоҷикобод доир гардид.  Зимни он  раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи якмандатаи Рашт, №12 Муллоҷон Аҳмадов зикр намуд, ки “мо бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иштирок намоем. Зеро ҳар як шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш вакилони арзандаи  худро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат барои панҷ соли оянда интихоб менамояд”.

Шахси боваринок аз ноҳияи Тоҷикобод Баҳодур Абдусатторов доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои шоёни Маҳмадтоир Зокирзода ҳарф зада, гуфт, ки мавсуф зимни фаъолияти меҳнатӣ  дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дар ободонию рушди ноҳия саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоён намудааст.

Тоҷикобод: Маҳмадтоир   Зокирзода бо интихобкунандагон мулоқот намудДар назди ҳозирин номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12  Маҳмадтоир Зокирзода барномаи пешазинтихоботии худро  муаррифӣ намуд.

Барномаи номзад доир ба ҳадафҳои барномавӣ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» тарҳрезӣ шуда, он самтҳои гуногуни хоҷагии халқро дар бар мегирифт.  Аз ҷумла, мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати  рушди маҳсулоти кишоварзӣ, истифода аз захираҳои энергетикии кӯҳистони навоҳӣ, рушди инфрасохтор дар деҳот, дастрасии бештари аҳолӣ ба кумаки аввалини тиббӣ, ислоҳот дар соҳаи маорифу фарҳанг, тарғибу рушди ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳадафҳои умдатарини барнома ба шумор мераванд.

Аз барномаи номзад аён гардид, ки  ҳадафҳои он асосан ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони манотиқи аҳолии кӯҳистон нигаронида шудаанд. Аз аҳли нишаст чанд нафар фаъолону собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва бонувон  ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи  Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор дошта, ҳамзамон зикр намуданд, ки дар интихоботи дар пешистода фаъолона иштирок менамоянд.

Вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт, №12  Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони  ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Рашт ва Нуробод дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаштанд.

 

Источник: khovar.tj