Тоҷикистонро дар Мусобиқаи «Osaka Grand Slam 2019» се паҳлавони шинохта намояндагӣ мекунанд

0
157

Тоҷикистонро дар Мусобиқаи «Osaka Grand Slam 2019» се паҳлавони шинохта  намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22  то 24  ноябр шаҳри Осакаи Япония мизбони Мусобиқаи «Osaka Grand Slam 2019» интихоб шудааст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар медиҳад.

Тибқи иттилои мавсуф, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки 593 нафар  варзишгарони шинохта,  аз ҷумла, 343 мард ва 250 зан аз 99 кишвари 5 қитъаи сайёра дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  Мусобиқаи «Osaka Grand Slam 2019» се паҳлавони маъруф  — Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) намояндагӣ мекунанд.

Источник: khovar.tj