«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Вазорати фарҳанг масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин озмунро баррасӣ карданд

0
120

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Вазорати фарҳанг  масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин озмунро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3 март дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба масъалаҳои ташкилии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки  бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 Вазорати молия вазифадор  гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур   2 миллиону 140   ҳазор  сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  70 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин   зикр шуд, ки  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ  ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуданд,   ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» минбаъд таҳти сарпарастии Президенти ҷумҳурӣ ҳар сол гузаронида шаванд.

Озмуни  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Дар ҷаласа   ба масъулини баргузории озмун дастуру супориш дода шуд, ки ба раванди ташкилӣ ва интихоби довталабон ҷиддитар муносибат намоянд.

Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба корҳои омодагӣ, вазифаҳои гурӯҳи корӣ ва нақшаву тартиби баргузории озмун ба ҳозирин маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Вазорати фарҳанг ва кумитаи тадорукот тасмим гирифта буданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани озмун ва беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои он низомномаи озмунро такмил диҳанд. Бо ҳамин мақсад вазорат  ба   олимону коршиносон ва адибону мутахассисон муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки оид ба беҳтару ҷолибтар кардани озмунҳои мазкур андеша ё пешниҳодҳои худро   ба таври хаттӣ ё электронӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон равон созанд. Ин пешниҳодҳо ҳангоми мукаммалсозии низомномаи озмуни мазкур ба инобат гирифта мешаванд.

Источник: khovar.tj