Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 баррасӣ намуданд

0
99

Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 май дар Душанбе Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Кордори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кук Ҷангҳёнро ба муносибати оғоз ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамкории ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 баррасӣ шуданд.

                                             Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj