Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳаммияти идомаи иқдомҳои муштаракро ҷиҳати пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 таъкид карданд

0
51

Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳаммияти идомаи иқдомҳои муштаракро ҷиҳати пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар гуфтугӯи телефонӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 таъкид карданд.

Источник: khovar.tj