Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории минтақавии тиҷоратиро ба роҳ мемонанд

0
201

Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории минтақавии тиҷоратиро ба роҳ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба Беларус як зумра созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот бо роҳбарият ва соҳибкорони вилояти Могилёви Беларус шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли матоъҳои пахтагин ва маснуот, воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта тамдид карда шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои рушди сайёҳиро аз самти Беларус ба Тоҷикистон муҳокима карданд.

Зимни сафари корӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Беларус дар Минск дар доираи форуми тиҷоратии «Вилоятҳои Минск ва Суғд. Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, хабар медиҳад нашрияи «Минская Правда».

«Тоҷикистон барои интиқоли 200 сар чорвои калони шохдор аз Беларус созишнома ба имзо расонид. Имкони хариди маҳсулоти қаннодӣ ва интиқоли нахро қаблан мувофиқа карда будем. Муҳимтар аз ҳама, дар рафти вохӯриҳоямон бо иҷрокунандаи раиси кумитаи иҷроияи вилояти Минск, мо имкони таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маснуоти нассоҷӣ, маҳсулоти консервӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намудем», — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорон.

Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, мошинсозӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, пахта ва дӯзандагӣ созишномаҳои мавҷударо тамдид карданд ва созишномаҳои нав ба имзо расониданд.

ДАР АКС: мулоқоти Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар Беларус

Источник: khovar.tj