Тоҷикистон минбаъд метавонад аз Корея маблағҳои грантӣ ҷалб намояд

0
66

Тоҷикистон минбаъд метавонад аз Корея маблағҳои грантӣ ҷалб намояд

ДУШАНБЕ, 25.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон минбаъд метавонад лоиҳаҳои афзалиятнокро барои баррасӣ ба ҷониби Корея ирсол ва маблағҳои грантӣ ҷалб намояд. Дар ин бора имрӯз зимни тасдиқи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Созишномаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади бастани Созишнома ҷалби маблағҳои грантӣ ва сармоягузориҳои мустақими ҷониби Корея барои таъмини рушди устувори иқтисодиву  иҷтимоии мамлакат мебошад.

Илова бар ин, Созишномаи мазкур заминаи мусоид барои таъсис додани дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои рушди кишварҳои рў ба тараққӣ дар доираи Фонди махсус (EDCF) қарзҳои имтиёзнок ба андозаи 0,1 фоиз пешниҳод  менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа вакилони мардумӣ як зумра масъалаҳоро баррасӣ ва аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Акс аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj