«Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд

0
242

«Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни ифтитоҳи форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ иштироку суханронӣ намуда, андешаҳои худро атрофи раванди таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ дар соҳаи сайёҳӣ иброз доштанд.

Зикр шуд, ки эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои деҳот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.

«Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шудТазаккур дода шуд, ки бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандагони забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.

Имрӯзҳо дар 14 муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ аз рӯи 16 ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботӣ ва курсҳои омўзиширо байни кормандони субъектҳои хоҷагидор ва муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд,  мунтазам баргузор намуда истодааст.

Ҳадафи чорабинии имрӯза ҷалби бештари донишҷӯён ба ин соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо  бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ  шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷўён фароҳам оварда шуда, инчунин ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардани донишҷўён дар ташкил ва  баргузории чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд.

Инчунин ҳамасола дар доираи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои олии таълимии риштаи сайёҳӣ дар доираи имконият бо адабиёти муосири таълимӣ таъмин карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар кори Форум бештар ба масъалаҳои омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир, таҷдиди пурраи барномаҳои таълимӣ дахл карда шуд.

Зикр шуд, ки набудани мутахассисони соҳибтахассуси соҳаи сайёҳӣ барои расонидани хизматрасониҳои муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёҳон имконият намедиҳад.

Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои бахши сайёҳии кишварҳои хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ баробар тақсим шуда, ҳар як дониши ба таври назариявӣ азхудкардашуда дар амалия таҷриба карда мешавад ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мазкур дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Яке аз талаботи муҳими фаъолият дар ҳамаи риштаҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбари ширкат, роҳбалад, маркетолог ва пайдо намудани бозорҳои нави сайёҳӣ, ходими меҳмонхона, ходими тарабхона ва дигар самтҳо донистани забонҳои хориҷӣ мебошад, ки ин талабот бояд қонеъкунанда бошад.

Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои ба таври пурра ва комил роҳандозӣ намудани тамоми иқтидорҳо, неруи кадрӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва дар маҷмуъ омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи сайёҳӣ таклифҳои мушаххас ироа гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар доираи форум як қатор озмунҳо, ки қаблан эълон гардида буданд, аз ҷумла ташкили намоиши беҳтарини сайёҳӣ  ва рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ ҷамъбаст гардид.

Ғолибон бо диплому сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз кори Форум натиҷагирӣ карда шуда, изҳорот қабул гардид.

Қобили тазаккур аст, ки баргузории Форуми мазкур ба такмили қобилиятҳои таҳлилӣ ва таҳқиқии ҷавонони муҳассил дар самти сайёҳӣ ва арзёбии андешаҳои онҳо перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

«Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ», — таҳти ин ном дар Душанбе форуми илмӣ доир шуд

Источник: khovar.tj