Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: қирғизҳо мегӯянд оташро тоҷикҳо кушоданд

0
119

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: қирғизҳо мегӯянд оташро тоҷикҳо кушоданд

Алъон вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун мураккаб арзёбӣ мешавад. Мақомоти қирғиз иддао доранд, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба таври ногаҳонӣ ба сӯи марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон оташ кушодаанд

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, рӯзи ҷумъа, 8 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, муноқиша сари истифодаи 50 гекар замини вилояти Бодканд сар зад.

Ин макон аломатгузорӣ нашудааст ва амалан аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад. Тақрибан 30-40 шаҳрванди Қирғизистон ва 30-40 шаҳрванди Тоҷикистон якдигарро сангборон карданд. Дар ҷараёни ин ҳодиса аз силоҳи шикорӣ низ тир холӣ шуд. Бо мақсади пешгирӣ аз муноқиша сарҳадбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд маротиба баа ҳаво тир паронданд”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки пас аз дахолати сарҳадбонон вазъият то чанд муддат ором шуд, ва миёни шаҳрвандони ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.

Зимнан, бо гузашти андак вақт сарҳадбонони Тоҷикистон самти ҳамтоёни худ ва шаҳрвандони Қирғизистон оташ шуданд. Алъон вазъият дар марз мураккаб гуфта мешавад. Тафсилоти бештаар нашр мешавад.

Источник: sputnik-tj.com