«Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост. Пас чаро парвариши онро ба роҳ намемонем?»,-шарҳи матбуоти даврӣ

0
158

«Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост. Пас чаро парвариши онро ба роҳ намемонем?»,-шарҳи матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд?

Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз  сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон,  иштирок ва суханронии  Пешвои миллат дар  Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва  Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт. Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (04.12.2019, №229)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ   таҳти салавҳаҳои «ТАЪРИХ. Вақте сарнавиштро ба дасти хеш менависем», «Чеҳраҳои мондагор», «Хатлон. Сафи  фаъолзанон рӯ ба афзоиш дорад», «Эҳтироми об нишоне аз сиришти бузурги миллат». «Саноат дар мадди аввал. Бардошт аз вилояти Хатлон», «Ватан вақте фарзандони ҷоннисор дорад», «Нури Раҳмонӣ ба «Роғун» ҳам расид», «Қарзи андоз», «Тоҷикистон. Баҳои коршиносон дар конфронси байналмилалӣ», «Кӯлоб. Авлавият ба ҳифзи иҷтимоӣ», «БМТ. Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо ба фаъолият шурӯъ кард», «Рӯзгоре барои ибрат»  ба нашр расидаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№146 аз 03.12.2019)   дар саҳифаи аввали ин шумора аз Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст. Дар ин саҳифа ҳамчунин гузориши муфассалро аз Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дуюми декабри  соли равон таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров гузашт,  рӯи чоп овардааст.

Дар ин  шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилӣ ва хонданбоб  таҳти сарлавҳаҳои «Шириншоҳ Шоҳтемур ва ташаккули давлатдории миллӣ», «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ чӣ гуна ҳифз мегарданд?», «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост. Пас чаро парвариши онро ба роҳ намемонем?», «Пахтакорӣ. Айб дар ош аст ё мош?», «Муъминобод. Ҳоли табоҳи мактаби мусиқӣ. Ё чаро масъулин ба ваъда вафо накарданд?», «Моҳи мубориза барои ҳуқуқ ва кумак ба эҳтиёҷмандон», «Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман», «Иқдоме, ки қобили дастгирист», «Парчам ҳаст?»  ба нашр расидаанд.

Муаллифи  мақолаи «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост»-  рӯзноманигори «Садои мардум» Сайфиддин Суннатӣ нигоштааст, ки «аз қадимулайём заъфарон (Crocus sativus) яке аз қиматтарин зиравориҳо ба шумор меравад. Ҳоло як килои он дар бозори ҷаҳонӣ аз 1200 то 2000 доллари амрикоӣ нарх дорад. Дар соҳаи дорусозӣ заъфарон васеъ истифода мешавад. Доруҳои аз заъфарон тайёршударо барои табобати зиёда аз 100 беморӣ тавсия медиҳанд. Истеъмоли қиёми заъфарон бо асал боиси ихроҷи токсинҳо аз организм мегардад. Давои мазкур санги гурдаро майда карда, таъсири манфии радиатсияро рафъ менамояд. Заъфарон дар таркиби зиёда аз 300 номгӯй дору дида мешавад. Истеъмоли шир бо миқдори ками заъфарон барои муолиҷаи шуш ва бронхит давост. Нӯшидани чойи аз заъфарон омодашуда узвҳои дохилӣ ва системаи асабро пурқувват мекунад. Барои касоне, ки нияти харобшавӣ доранд, заъфарон кумак мерасонад. Зеро он иштиҳоро баста, касро аз пурхӯрӣ бозмедорад».

«Дар назди вазоратҳои кишоварзии дигар кишварҳо лоиҳаи миллӣ оид ба растаниҳои шифобахш амал мекунад, ки парвариши заъфарон дар салоҳияти онҳо аст. Хуб мешуд, ки дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ низ чунин шуъба таъсис дода шавад. Зеро олимони ҷумҳурӣ чанд сол боз дар бораи аҳамияти парвариши топинамбур (ноки заминӣ) дар соҳаи дорусозӣ, чорводорӣ ва ҳатто истеҳсоли биоэтанол таҷриба мегузаронанд, вале парвариши васеи он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки топинамбур ба хунукӣ ва хушкӣ тобовар буда, дар заминҳои лалмӣ хуб нашъунамо меёбад. Инчунин парвариши сиёҳдона, кунҷид, зайтун ва ғайраро ба роҳ мондан мумкин аст. Дар ин ҷода ҳамкории Академияи илмҳои тиб ва Академияи илм­ҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба нафъи кор хоҳад буд»,-чунин пешниҳод намудааст рӯзноманигор дар фарҷоми мақолааш.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (04.12.2019, №50) хонандагон метавонанд   хабару гузоришҳоро   оид ба    сафари кории   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон  мутолиа намоянд. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома  иштирок ва суханронии  Пешвои миллат дар  вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва  Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рўи чоп омадааст.

Нашрия ҳамчунин матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2020»  — ро чоп намудааст.

«Коррупцию победить нельзя, но можно минимизировать» аз мақолаҳои дигари ҷолиби ин шумораи рӯзнома аст, ки  дар он  доир ба сабабҳои сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои  пешгириии ин амали номатлуб маълумот дода шудааст. Инчунин дар ин шумора  матолиби зерини ҷолиб ба хонандагон пешкаш гардидааст, аз ҷумла:  «Таджикистан решительно будет бороться с любой идеологией радикального характера», «Свобода слова гарантирована и защищена», «Национальная одежда быт каждого народа», «Вышла в свет книга «Кулябский клад», «Фестиваль ремесел и мод «Диёри хусн», «В Таджикистане запущен Национальный процессинговый центр»  ва ғайраҳо.

Дар шумораи навбатии Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№49 аз 04.12.19) дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Фиристода бояд, ки доно бувад», «Иззатулло Ҳалимов – котиби аввали ғайримаъмулӣ», «Моҷарои  тилло дар хонадони Нусратулло Махсум», «Қиссаи сипаҳсолори тоҷик», «Ҷавобгарии озори ҷинсӣ ба ҳукми қонун медарояд», «Сахттарин рӯзи Макка», «Хуни афсарони кушташуда дар гардани наҳзатиҳост», «Нӯшидан зарар доштааст»,  «Ғизои солим» ва ғайраҳо.

Шумораи  навбатии нашрияи «Мароми    пойтахт» (№ 45), ки ба ифтихори 25 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бахшида шудааст, бо инъикоси вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Миёна ва ҷаласаи Шӯрои СААД, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар онҳо  иштирок доштанд, оғоз  мешавад. Ҳафтанома ҳамчунин дар ин шуморааш  гузоришро   аз сафари расмии Раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии  Ӯзбекистон рӯи чоп овардааст.

«Мароми пойтахт» дар ин шумора  андешаҳои раиси КИ   ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир  Раҳмонзодаро  дар бораи ҲХДТ зери сарлавҳаи «Такягоҳи  боэътимоди    мардум» нашр намудааст.

-Ҷойи баҳсу шубҳаи дигаре нест, ки ҲХДТ  тавассути иқдомҳои шоистааш НБО «Роғун»-ро таҳти сарпарастии маънавии худ қарор дода, бунёдкоронаш бо ғайрати  комилу азми қавӣ ин «Кохи нур»-ро дар муҳлати пешбинишуда мавриди баҳрабардории умум қарор доданд,- иброз доштааст  Зоир Раҳмонзода дар ин матлаб  ва таъкид намудааст, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва азбарнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ  гардонад.

«Ҳизби мардуммеҳвар» — чунин номгузорӣ шудааст мақолаи сармуҳаррири ин нашрия Ҳақназар Каримзода, ки  ба 25 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудаааст.

Муаллиф дар он  марҳилаҳои  тайнамудаи  ҲХДТ-ро дар  зарфи 25 соли фаъолият бо такя ба андешаҳои олимон, коршиносон ва ходимони ҷамъиятӣ   ба тасвир додааст.

Ҳақназар Каримзода,  аз ҷумла чунин нигоштааст: «Воқеан ҳам, ҲХДТ тӯли 25 соли фаъолияти пурсамар зери шиори  «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид».

Дар саҳифаҳои дигари нашрияи «Мароми пойтахт» хонандагон  имкони мутолиаи    мақолаҳои ҷолиб, аз ҷумла «Баррасии дурнамои  ҳамкории  Тоҷикистону Хитой», «Соҳибмақоме дар кишвари илму маърифат» «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кард» ва «Нақши ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа»-ро доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj