Тифлаки дусола, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам гардида буд, наҷот дода шуд

0
186

Тифлаки дусола, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам гардида буд, наҷот дода шуд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тифлаки дусоларо, ки дар ҳуҷраи оббозӣ маҳкам шуда буд, наҷот доданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, шаби 10 ноябр ба   қисми  навбатдории КҲФ  як ҷавонзани сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зада, бо  изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки   бо сабабҳои барояш номаълум  дари ҳуҷраи оббозии хонааш   баста шудаасту дар  дохили он духтарчаи дусолааш танҳо мондааст. Худи ӯ ҳарчанд талош кардааст, натавонистааст дарро кушояд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе баъди гирифтани ин хабар фавран ба суроғаи номбурда рафта,  дарро бе ягон осеб кушода, кӯдакро  ба модараш баргардониданд.

Дар  ин шаб дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дари даромадгоҳ  баста шудааст.  Онҳо мустақилона ҳарчанд кӯшиш кардаанд, натавонистаанд онро боз кунанд. Кормандони КҲФ баъди гирифтани  ин хабар  фавран ба ин маҳал расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро кушода, имкони вуруди сокинонро  таъмин намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони  мамлакат  муроҷиат менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112   ва ё  93 880 28 19 ба онҳо хабар расонанд. Кормандони Кумита фавран ба кумаки онҳо шитофта, мушкилашонро осон мегардонанд.

Источник: khovar.tj