«ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад

0
114

«ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад

ДУШАНБЕ, 07.05.2020./АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара китоби «Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ» муаррифӣ гардид, ки дар нашриёти  «Графика-83» аз чоп баромад. Муаллифони китоб сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковники милитсия Рустам Раҷабзода, декани факултети Идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифхӯҷа Ҳасанов  ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Комил Азизов  мебошанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 низ  бо чунин ном   китоби дигари  устодони Донишгоҳи давлатии Данғара Ш. Ҳасанов, Т. Назарзода, К. Азизов, С. Қодирзода ва С. Тоирзода ба нашр расида буд, ки   аз ду қисмат иборат буда, перомуни таърихи пайдоиши экстремизм ва терроризм, мафҳум, моҳият ва асосҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва ғайра маълумот медиҳад.

Таҳлил ва баррасии мавзӯи мазкур аз ҷониби устодони ин донишгоҳ беваҷҳ нест, зеро ин мавзуъ – терроризми байналмилалӣ ва бунёдгароии (экстремизми) динӣ ҳоло тамоми ҷомиеаи ҷаҳониро ба тавиш андохтааст ва ба бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад.   Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Бино ба ақидаи муаллифон, терроризми байналмилалӣ ва ҳангомаҳои ифротгароӣ ба мазҳабу дин ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархӯрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд. Сарчашмаи асосии пайдоиш ва зуҳури онҳо ҳадфҳои сиёсӣ ва муғризонаи гуруҳҳо ва ашхоси алоҳида, сатҳи пасти зиндагӣ, бесаводию ноогоҳӣ,   канор мондан аз маърифату фарҳанг ва ғайра мебошанд.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст, аз ин лиҳоз чопи китоби мазкур саривақтӣ ва қобили дастгирӣ буда, барои дарк кардани сабабҳо ва оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуби замони муосир аз ҷониби доираи васеи хонандагон, миахсусан ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

«ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад «ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад «ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад

 

 

Источник: khovar.tj