«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!». Таҳти ин унвон дар Хуҷанд мулоқот бо ҷавонони фаъол доир шуд

0
133

«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!».  Таҳти ин унвон  дар Хуҷанд мулоқот бо ҷавонони фаъол доир шуд

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  19 декабр  дар шаҳри Хуҷанд  таҳти унвони «Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!» мулоқоти донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарияти кумитаи иттифоқҳои касабаи коргарони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.

Тавре аз маъмурияти донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон дар бораи оқибатҳои ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ пайвастани ҷавонон сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва пойдории сулҳу субот дар минтақа ва мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешад.

Яке аз чунин чораҳои воқеӣ татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мебошад.

«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!».  Таҳти ин унвон  дар Хуҷанд мулоқот бо ҷавонони фаъол доир шуд

Дар охири ҷаласа иштирокдорон терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, ҷонибдории худро барои ҳифзи сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд.

Источник: khovar.tj