Теъдоди ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон аз 80 ҳазор гузаштааст

0
50

Теъдоди ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон аз 80 ҳазор гузаштааст

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ/ «Ховар»/. Дар 33 давлати ҷаҳон 80 980 ҳолати сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар дод,  дар ин бора директори Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҳанс Клюге иттилоъ додааст.

“Иҷозат диҳед ба шумо то ба имрӯз маълумоти нав пешниҳод кунам. Мо дар 33 давлати  ҷаҳон 80 980 ҳолати сирояти COVID-19 ба ҳисоб гирифтаем»,- иброз намуд Клюге.

Ба гуфтаи вай, ин беморӣ ба 13 давлати Аврупо таъсир расонидааст, вале 96,5% ҳолатҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд.

Источник: khovar.tj