Тавсияи Лайло Аҳмадӣ оид ба коронавирус: Барои баланд кардани иммунитети худ витамини табиии С-ро бештар истифода баред

0
48

Тавсияи Лайло Аҳмадӣ оид ба коронавирус: Барои баланд кардани иммунитети худ  витамини табиии С-ро бештар истифода баред

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/Як коргари фаъоли Фейсбук Лайло Аҳмадӣ аз факултети илмҳои тиббии Донишгоҳи Занҷони Чин дар як гурӯҳи фейсбукӣ навиштааст, ки  коронавирус бе ҳеҷ шубҳа, дер ё зуд ба ҳама давлатҳо ворид мешавад. Дар робита ба ин баъзе тавсияҳои хешро ба хонандагон манзур намудааст. 

Ба гуфтаи Лайло, мардум бояд барои баланд кардани системаи иммунии худ  витамини табиии С-ро бештар истифода баранд.

“Мутаассифона, сабаби мутатсияи генетикӣ онро хеле хатарнок кардааст. Ин беморӣ зоҳиран аз сабаби омезиши ген аз мор ва кӯршапарак пайдо шудааст ва он қобилияти сироят додани ширхӯрон, аз ҷумла одамонро ба даст овардааст”. Ҳамчунин мавсуф паёмаки профессор Чен Хорин, директори генералии Госпитали ҳарбии Пекинро, ки онро дар гурӯҳҳои донишгоҳ нашр кардаанд, ба ҳамагон фиристодааст, ки дар он профессор  гуфтааст: «Иловаи қисми лимӯ дар як пиёла оби гарм метавонад ҳаёти шуморо наҷот диҳад.  Агар шумо кор мекунед, шумо бояд ин хабарро дида бароед ва онро ба дигарон расонед!

Лимӯи гарм метавонад ҳуҷайраҳои саратонро бикушад! Лимӯро ба се қисм буред ва ба як пиёла андозед, сипас оби гарм рехта, онро ба (оби элементӣ) табдил диҳед, ҳар рӯз онро нӯшидан, албатта, барои ҳама муфид хоҳад буд. Лимӯҳои гарм метавонанд боз як доруи зидди саратон бошанд.

Шарбати гарми лимӯ ба варамҳои саратон таъсир расонда, ба ҳама намуди бемории саратон шифо мебахшад. Табобат бо ин экстракт танҳо ҳуҷайраҳои зарароварро (омоси бадсифатро) нобуд мекунад ва ба ҳуҷайраҳои солим таъсир намерасонад. Дуюм: кислотаҳо ва кислотаҳои карбоксидӣ дар шарбати лимӯ метавонанд фишори баланди хунро танзим кунанд, рагҳои борикро муҳофизат кунанд, гардиши хунро ба танзим дароранд.Пас аз хондани ин, ба ягон каси дигар дар ин бора нақл кунед ва ба шахси дӯстдоштаатон супоред ва саломатии худро нигаҳ доред”.

Профессор Чен Хорин маслиҳат медиҳад, ки агар ба касе ин паёмро фиристед, он ҳадди ақалл кафолати наҷот додани ҷони касе хоҳад буд.

Источник: khovar.tj