Тавсияҳои меъёрии «Тоҷикстандарт» ба муассисаҳои хизматрасонӣ дар давраи пандемияи COVID-19

0
122

Тавсияҳои меъёрии «Тоҷикстандарт» ба муассисаҳои хизматрасонӣ дар давраи пандемияи COVID-19

ДУШАНБЕ, 09.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар робита ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрии «Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» ва «Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» -ро таҳия намуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии “Тоҷикстандарт” хабар медиҳад.

 Бино ба иттилои манбаъ, роҳнамоҳои мазкур дар давраи эълон гардидани пандемияи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шуда, барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо татбиқ мегарданд. Онҳо дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегиранд, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар ин самт бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти дӯхти ниқобҳои ҳимоявӣ, либоси махсуси ҳифозатӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва маҳлулҳои безараргардонӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» шартҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ниқобҳои таъиноти профилактикӣ ва истеҳсолӣ» — ШТ 8400 ҶТ 030000230 — 001-2020,  «Комбензонҳо ва либосҳои болопӯши ҳимоявӣ» — ШТ 8570 ҶТ 030000230 — 003-2020,  «Маҳлули антисептикӣ» — ШТ 9182 ҶТ 030000230 — 002-2020 таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ карда шуда, барои корбарӣ ба муассисаву корхонаҳои марбута пешниҳод гардиданд.

Источник: khovar.tj