ТАВАҶҶУҲ! Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»

0
96

ТАВАҶҶУҲ! Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита» дар ТВ «Ҷаҳоннамо»  роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии  саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар  шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ дар робита бо хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо  ва  ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд бор тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ пахш гардиданд.

Ин барнома дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мусбати зиёди корбаронро ба миён овард.

Доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, барои ҷомеъаи табибони Тоҷикистон чеҳраи ошност. Ӯ чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз табибони  тоҷик  дар хатти  пеши мубориза бо вируси круно қарор доранд ва ошноӣ бо таҷрибаи табибони кишварҳои дигар, бидуни шак, барои онҳо муфид хоҳад буд.

Мунтазир бошед, АМИТ «Ховар» матни пурраи ин суҳбатро бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ пешниҳоди хонандагони худ месозад.

Источник: khovar.tj