ТАВАҶҶУҲ! Оббозӣ дар дарёҳо ва ҷойҳои барои он пешбининашуда қатъиян манъ аст

0
42

ТАВАҶҶУҲ! Оббозӣ дар дарёҳо ва ҷойҳои барои он пешбининашуда қатъиян манъ аст

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ду ҷавонмард: яке 23-сола ва дуюмӣ 18-сола, ки мехостанд рӯзи гармро дар соҳили дарё гузаронанд, яке дар дарёи Вахш ва дигари дар канали калони Ҳисор ғарқ шуданд. Дар ин бора аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Рӯзи дуюм аст, ки кормандони Раёсати наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кӯшониёнро меҷӯянд. Дониёр Азизов, сокини ноҳия Кӯшониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Хабари ғарқ шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон  3 июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса рафта, то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯи рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4 июн корҳои кофтуковӣ  аз нав шурӯъ  шуданд, ки натиҷааш то ҳол маълум нест.

Ҳамчунин баъди аз зуҳри 3 май сокини 18-солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 идома дошт, вале бе натиҷа анҷомиданд.

Субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд. Он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супорида шуд.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, ба самъи онҳо мерасонад, ки оббозӣ дар дарёҳо ва ҷойҳои барои он пешбининашуда қатъиян манъ аст.

Акс аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj