ТАСС: Макрон омодагиашро ба ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ изҳор дошт

0
163

ТАСС: Макрон омодагиашро ба ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ   изҳор дошт

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Франсия дар якҷоягӣ бо ИА омода аст дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ нақши фаъол дошта бошад ва азм дорад ҳамкории худро бо Тоҷикистон дар доираи васеи масъалаҳо густариш диҳад. Дар ин бора дар изҳороти Қасри Елисей аз рӯи натиҷаи мулоқоти Президенти Фрнсия Эммануэл Макрон ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  хабар дода шудааст, навиштааст ТАСС.

«Сарони ду давлат тамоми мавзӯъҳои муносибатҳои дӯстонаи Франсия ва Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҷониби Душанбе дастгирӣ шудани неруҳои Франсия ҷиҳати анҷоми амалиёт дар Афғонистонро баррасӣ намуданд, — омадааст дар изҳорот. — Президенти ҷумҳурӣ азми Франсия ва Иттиҳоди Аврупоро дар доштани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоте, ки имрӯз ба Осиёи Марказӣ марбутанд, аз ҷумла тавассути иштирок дар сиғаҳои корӣ, ки тамоми кишварҳои минтақаро фаро мегирад, таъкид дошт».

Дар Қасри Елисей зикр намуданд, ки сарони ду давлат инчунин азм доранд ҳамкории дуҷонибаро баҳри дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон тақвият бахшанд. Сарварони давлатҳо ба мавзӯи кори муштарак дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва тағирёбии иқлим дахл карданд.

«Президенти Ҷумҳурии Франсия инчунин ба амиқтар шудани табодули фарҳангӣ байни кишварҳо изҳори умед кард. Ӯ лоиҳаи намоишгоҳи «Тоҷикистон – мамлакати рӯдҳои тиллоӣ»-ро, ки  дар Осорхонаи миллии санъати шарқӣ (Осорхонаи Гиме) баргузор мешавад, дастгирӣ намуд»,-изҳор доштанд дар маъмурияти сарвари Франсия. Тибқи изҳорот, ҳарду давлат хоҳиши «мусоидат ба рушди франкофония» ва ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олиро баён доштанд. Онҳо дар алоҳидагӣ рушди муносибатҳои байни муассисаҳои ҳарду давлатро зикр намуданд.

                                                                                                            АКС: Reuters

Источник: khovar.tj