ТАСС: Ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ ғолиб омад

0
131

ТАСС: Ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳизби ҳукмрон мебошад, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон бо гирифтани 50,4%-и овозҳо ғолиб омад.  Дар ин бора раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 2 март зимни брифинг иттилоъ дод, хабар додааст ТАСС.

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ 50,4% овозҳоро соҳиб гардид», — иттилоъ дод Бахтиёр Худоёрзода. Ба ҳамин минвол, ҲХДТ дар парлумон соҳиби 12 мандати вакилӣ гардид.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1 март баргузор гардид ва дар он 86,4%-и интихобкунандагон иштирок намуданд.

АКС аз euronews.com

Источник: khovar.tj