Таъсири самарабахши доруи зидди коронавирус ошкор гашт

0
98

Таъсири самарабахши доруи  зидди коронавирус ошкор гашт

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Олимони чинӣ моҳияти доруи «Ремдесивир»-ро  дар табобати  коронавируси  SARS-CoV-2  ошкор сохтанд. Натиҷаи тадқиқотро маҷаллаи  «Science»  нашр намудааст,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  «РИА Новости».

Тадқиқот  нишон дод, ки моддаҳои    полимераз  РНК    (полимераз  як ферментест, ки молекулаҳои РНК-ро синтез мекунад  ва барои фаъолияти ҳуҷайраҳо хеле муҳим аст. Он дар  тамоми организмҳои зинда ва дар аксари вирусҳо вуҷуд дорад)    дар маҳв сохтани паҳншавии сирояти коронавирус нақши калидӣ  мебозанд.

Вируси SARS-CoV-2  ба зудӣ  пардаҳои луобиро мубтало намуда, дарҳол  афзоиш меёбад. Барои ин нусхаи фаврии РНК  зарур аст. Ин раванд  бо ширкати маҷмӯи сафедаҳои рамзикунонидашуда  анҷом мепазирад. Унсури асосӣ ин ҷо репликаз ( Репликаз  ин ферментҳои мушаххаси табиӣ мебошанд, ки метавонанд РНК-ро нусхабардорӣ кунанд) аст,  ки ҳадаф санҷидани доруҳои таҳияшуда, аз ҷумла «Ремдесивир»  мебошад.

Барои ин тадқиқот олимон усули микроскопияи электрониро истифода намуданд.  Бо ин роҳ муайян карда шуд, ки чӣ тавр “Ремдесивир” метавонад  ба фаъолнокии репликазаи  SARS-CoV-2  фишор биорад. Маълум шуд, ки ҳангоми нусхабардорӣ вирус  ҳатто сохтори худро тағйир намедиҳад. Ба ақидаи олимон ин қобилияти  зиёди сироятнокии  вирусро нишон медиҳад.

Олимон бар он ақидаанд, ки  бо ин роҳ метавон таҳияи васеи доруҳои  зидди  вирусро имконпазир намуд.

Пандемияи коронавирус  қариб  тамоми оламро фаро гирифтааст. СУТ аз сирояти зиёда аз  3,3 миллион нафар хабар медиҳад,  ки тақрибан 238  ҳазор нафар фавтида, зиёда аз як миллион нафар шифо ёфтаанд.

Қурбониёни аз ҳама зиёди сироят  дар ИМА, Испания, Италия ва Чин мебошанд, ки охирӣ тавонист эпидемияро мағлуб созад.

             Акси Би-Би-Си

Источник: khovar.tj