Тасаллияти Пешвои миллат вобаста ба даргузашти деҳқони шинохтаи кишвар Камол Мадумаров

0
124

Субҳи имрӯз деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хостанд.

Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст.

Источник: president.tj