ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ! Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол намуданд

0
53

ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ!  Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва  маҳлулҳои антисептикӣ  истеҳсол намуданд

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои итсеҳсолии Тоҷикистон вобаста ба  вазъи баамаломадаи пандемияи COVID-19 беш аз 200 ҳазор кг моеъҳои шӯянда, 150 ҳазор литр маҳлули антисептикӣ, 105 тонна собуни мушкин, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намудаанд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар корхонаҳои «Сатурн-1», «Баҳор Косметик Групп», «Покофар» -и Душанбе, «Мирзошехова» -ноҳияи Б. Ғафуров, «Давои Сино» -и шаҳри Хуҷанд, «Фарм Суғд» -и шаҳри Бӯстон ва «Тоҷикхимпром» -и ноҳияи Ёвон истеҳсоли моеъҳои шӯянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрий ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии  «COVID-19» тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи безараргардонӣ саҳм гузоранд.

ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ!  Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва  маҳлулҳои антисептикӣ  истеҳсол намуданд

Источник: khovar.tj