Танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гирифтани пора ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ба даст афтод

0
134

Танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо гирифтани пора ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ба даст афтод

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти танзимгари идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2020 шаҳрванд «А» дар вазифаи мазкур кор карда, дар якҷоягӣ бо шаҳрванд «Б» ба боварии шаҳрванд  «В» даромада, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб намудаанд.

Гуфта мешавад, ки 16 январ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ мавсуф баъди гирифтани 40 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Оид  ба ин ҳолат,- иттилоъ додааст Агентӣ, нисбат ба шаҳрвандон «А» ва «Б» бо моддаи 247 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Источник: khovar.tj