
Кормандони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот 22 декбри соли 2017 дар толори хурди маҷлисҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо намуданд.
Баробари садо додани суруди миллӣ аҳли толор аз ҷой бархоста, онро бо самимият гўш карданд.
Паёми Пешвои миллат, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт.
Кормандони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот аз Паём рўҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистодаашон барои соли оянда андешаронӣ намуда, тасмимҳо гирифтанд.