Тамошои муташаккилонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

0
218

Тамошои муташаккилонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

ДУШАНБЕ, 26.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, имрӯз Паёми Сарвари давлатро дар саросари шаҳру ноҳияҳо тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд. Аз ҷумла, кормандони шуъбаву раёсат, сарраёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ якҷоя пахши мустақими  ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллатро тамошо намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, аз ҷумла тариқи Радиои «Ховар FM»  мустақиман пахш гардид.

Источник: khovar.tj