Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расид

0
218

Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расид

ХОРУҒ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи марказии ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расид. Сутунҳои чароғҳои барқӣ аз ду тарафи роҳ дар масофаи зиёда аз 3 километр ба мусофирон имконият медиҳанд, ки онҳо бе мушкилӣ дар кӯчаи марказӣ сайру гашт намоянд.

Муовини аввали раиси ноҳия Азимҷон Шамсиддинзода гуфт, ки «чанд сол пеш роҳи марказӣ воқеан хеле хароб, тангу торик ва пур аз обу лой буд. Ҳоло симои он ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Роҳҳои мошингард ва пиёдагард мумфаршу васеъ ва равшан шудаанд».

Дар мулоқоти ахири худ дар ин ноҳия Пешвои миллат ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки ободкорию созандагиро идома дода, роҳҳои мошингарду пиёдагарди деҳоти атрофи маркази ноҳияро васеъ ва мумфарш намоянд.

Таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ пурра ба анҷом расидБо дастури Пешвои миллат барои навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои мошингарду пиёдагард ва чароғонкунӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба уҳда гирифта, тамоми техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ба ин ноҳия интиқол дода шуданд. То имрӯз роҳсозон ба маблағи 536 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонданд.

Намояндаи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Ғулом Алиев гуфт, ки «қариб нисфи роҳи мошингарду пиёдагарди ду кӯчаи маркази ноҳия мумфарш гардонида шудааст. Ҳоло коргарон ҷӯйборҳои сари роҳро, ки боиси харобии роҳ мегарданд, аз нав бунёд мекунанд. Ба сифати кори коргарон ҳам мутахассисони Вазорати нақлиёт ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аҳамияти ҷиддӣ равона кардаанд. Кӯшиш мекунем, ки роҳҳои мошингард ва пиёдагарди ноҳия пурра таъмиру тармим шуда, солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат расонанд».

Источник: khovar.tj