Таъиноти кадрӣ: Лолахон Азиз сардори САҲШ дар Суғд таъин шуд

0
80

Таъиноти кадрӣ: Лолахон Азиз сардори САҲШ дар Суғд таъин шуд

 Файззода Лолахон Азиз, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС дар вилояти Суғд таъин шуда, Ҳошимзода Муқаддам Дадаҷонӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин мақом ба истеъфо рафтааст

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Бино ба иттилоъи манбаъ аз Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё САҲШ (ЗАГС) дар Суғд, таъини Лолахон Азиз ба ин мақом рӯзи 24-уми феврал сурат гирифтааст.

Дар ин бора Вазири адлия фармон содир карда ва раиси вилояти Суғд ҳам розигӣ додааст.

Гуфта мешавад, Файззода Лолахон Азиз соли 1964 дар ноҳияи Девашти таваллуд шуда, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст.

Дар гузашта ӯ, дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Тобошар) ва ноҳияи Масчоҳ фаъолият намудааст. Аз соли 2015 ба ин тараф, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Деваштич кор мекард.

Бо фармони вазири адлия аз 24-уми феврал, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Источник: sputnik-tj.com