Таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи кушоди Чин сазовори 3 медал шуданд

0
151

Таэквондочиёни тоҷик   дар мусобиқаи кушоди Чин  сазовори 3 медал шуданд

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сазовори 3 медал гардиданд. Дар ин  бора  раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ва калонсолон аз 7 то  9 ноябр   дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин («The Belt and Road China Open International Taekwondo Championships — World Taekwondo — G-1») доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз 20 давлати қораҳои Осиё ва Африқо ширкат карданд. Аз ҷумҳурии Тоҷикистон  5 варзишгар – Манижа Мадкаримова, Ширинмоҳ Миршакарзода, Моҳру Ҳалимова, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов бо роҳбарии раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ва мураббӣ Исломиддин Фозилов ба Чин сафарбар гардиданд. Дар он таэквондочиёни мо ба гирифтани 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медали нуқраро Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар вазни -73кг миёни ҷавонон, медалҳои биринҷиро Ширинмоҳ Миршакарзода дар вазни -49кг ва Моҳру Ҳалимова дар вазни -67кг миёни калонсолон ба даст оварданд.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, шумораи медалҳои таэквондочиён тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2019 ба 43 адад расид.

Источник: khovar.tj